Июл 31, 2017 20:05 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ду муҳофизи амниятии сафорати Ироқ дар Кобул

Ду тан аз нерӯҳои амниятии сафорати Ироқ дар Кобул, пойтахти Афғонистон дар ҳамлаи террористии ДИИШ кушта шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, дафтари матбуотии Вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, субҳи душанбе чаҳор муҳоҷим ба сафорати Ироқ дар Кобул ҳамла карданд, ки дар ин ҳамла ду нерӯи амниятӣ кушта шуданд .

Бар асоси ин гузориш, ибтидо яке аз муҳоҷимон маводи мунфаҷираеро, ки ба худ баста буд, муқобили сафорати Ироқ мунфаҷир кард ва ба дунболи он се нафари дигар вориди сохтмони сафорат шуданд .

Пас аз вуруди муҳоҷим ба сафорати Ироқ, нерӯҳои вижаи полиси Афғонистон худро ба маҳал расонданд ва теъдоде аз коркунони сафорати Ироқро ба маҳалли амн интиқол доданд .

Аҳмад Ҷамол, сухангуи Вазорати хориҷаи Ироқ низ асри душанбе бо интишори баёнияе эълом кард, ин вазоратхона ба дунболи иҷрои тадобире барои наҷоти соири коркунони сафорати Ироқ дар Кобул аз тариқи тамос бо тарафҳои афғон ва низ давлатҳои дӯст аст .

Як манбаи огоҳи афғон низ аз захмӣ шудани сафир ва муовини сафири Ироқ дар ҳамлаи террористии рӯзи душанбе хабар додааст .

Сафири Ироқ дар Афғонистон камтар аз як моҳ қабл ва пас аз озодии Мусил ба хабарнигорон дар Кобул гуфта буд: ДИИШ дар ҳар кишваре, ки ҳузур дошта бошад, душмани муштараки башарият аст .

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъуляти ҳамла ба сафорати Ироқ дар Кобулро бар уҳда гирифтааст .

 

Барчасп