Август 01, 2017 13:47 Asia/Dushanbe
  • Изъони Вазорати дифои Амрико ба тавоноии мушакии Кореяи Шимолӣ

Вазорати дифои Амрико эълом кард: Мушакҳои баллистики қоррапаймои Кореяи Шимолӣ тавоноии ҳадаф қарор додани ҳар нуқтае аз хоки Амрикоро дорад.

Ба нақл аз хабаргузории Ройтерс, Вазорати дифои Амрико бо худдорӣ аз изҳори назар дар бораи арзёбии озмоиши мушакии ахири Кореяи Шимолӣ гуфт: Озмоиши мушакии ҷадиди Кореяи Шимолӣ бештарин масофатеро ба намоиш гузошт, ки мушакҳои ин кишвар токунун тай кардаанд.

Вазорати дифои Амрико бо ишора ба таҳдиди рӯзафзуни ношӣ аз барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Кореяи Шимолӣ таъкид кард: Ин масъала метавонад боиси афзоиши фишор бар давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои вокуниш ба Кореяи Шимолӣ шавад .

Кореяи Шимолӣ ҷумъаи гузашта мушаки қоррапаймои ҷадид озмоиш кард, ки дар обҳои минтақаи вижаи иқтисодии Ҷопон фуруд омад .

Пхенян борҳо таъкид кардааст то замоне, ки Амрикову муттаҳидонаш ба таҳдидҳояшон зидди Кореяи Шимолӣ идома диҳанд, ин кишвар низ ба тақвияти тавонмандиҳои низомӣ ва тавоноии ҳамлаи пешдастонаи худ идома хоҳад дод .

 

 

Барчасп