Август 02, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Гузориши ниҳоди амрикоӣ аз сӯиистифодаи ҷинсии нерӯҳои афғон аз кӯдакон

Дафтари бозрасии вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон гузорише маҳрамона ба Конгресс дар бораи сӯиистифодаи ҷинсии нерӯҳои давлатии Афғонистон аз кӯдакон ироа кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, дафтари бозрасии вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон (Сигар) эълом кард: Ёфтаҳои табақабандишуда дар заминаи сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакони афғон ва нокомии мақомоти ин кишвар дар таваққуфи ин раванд, дар қолаби гузорише ба қонунгузорони амрикоӣ ирсол шудааст .

Бар асоси эъломи Сигар, мақомоти Афғонистон дар бархе масоил аз ҷумла ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи ҷинсӣ ва ҷазби кӯдакон ба нерӯҳои амниятии Афғонистон ноком мондаанд .

Ҳамчунин дар бахши дигаре аз ин гузориш ба омори болои кушта шудани сарбозону нерӯҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон ишора шудааст .

Аз якуми январ то ҳаштуми майи 2017, ду ҳазору 531 нафар аз нерӯҳои амниятии Афғонистон кушта ва чаҳор ҳазору 238 нафар захмӣ шудаанд .

Ҳануз Пентагон ва давлати Афғонистон дар бораи ин гузориш ибрози назар накардаанд .

Нерӯҳои НАТО ба сарпарастии Амрико давраҳои омӯзишӣ барои нерӯҳои амниятии Афғонистон баргузор мекунанд ва кумакҳои таҷҳизотӣ ба онон ироа медиҳанд .

 

Барчасп