Август 02, 2017 17:52 Asia/Dushanbe

Батареяи телефонҳои ҳушманд дорои бахшҳои қобили иштиол аст, ки гоҳе муҷиб мешавад, ин телефонҳо мунфаҷир шаванд.

Батареяи телефонҳои ҳушманд аз ҷинси литиум сохта шудаанд ва дорои ду қисмати катод ва анод, моддае барои интиқоли электронҳо ва моддае дигар барои оксид кардани ин электронҳо ҳастанд. Дар ҳамаи Батареяҳо, лояе байни анод ва катод вуҷуд дорад, аммо дар сурате, ки ин ду қисмат бо якдигар тамос барқарор кунанд, вокуниши химиявӣ эҷод мешавад ва шуъла ба вуҷуд меояд .