Тағйири фармондеҳони нерӯи ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии Туркия
(last modified Wed, 02 Aug 2017 16:17:10 GMT )
Август 02, 2017 21:17 Asia/Dushanbe
  • Тағйири фармондеҳони нерӯи ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии Туркия

Шӯрои олии низомии Туркия бо тағйири фармондеҳони нерӯи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии ин кишвар мувофиқат кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин ҷаласа, ки рӯзи чаҳоршанбеи таҳти тадобири шадиди амниятӣ ва бо ҳузури нахуствазир баргузор шуд, Шӯрои олии Туркия бо тағйири фармондеҳони нерӯи ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии ин кишвар мувофиқат кард .

Бархе манобеи хабарии ғайрирасмии Туркия эълом карданд, ки генерал Яшар Гулер, генерал Ҳасан Кучук Акюз ва дарёдор Аднон Азбол ба тартиб ба унвони фармондеҳони ҷадиди нерӯи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии Туркия интихоб шудаанд .