Август 05, 2017 11:03 Asia/Dushanbe
  • “Фарҳоди Кӯҳкан” дар Амрикои Ҷанубӣ пайдо шуд + АКС

Як марди никарагуӣ, ки беш аз 40 сол аст дар кӯҳ зиндагӣ мекунад ва умрашро барои тарроҳии харсангҳои азим сарф кардааст, достони Фарҳоди Кӯҳканро дар хотираи алоқамандон ба адабиёти порсӣ зинда мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Алберту Гутерз, ки аз кӯдакӣ ба гаштугузор дар ҷангал ва табиат алоқаманд буд ва рӯъёи бузургтарин асари ҳунарии сохташуда аз сангро дар сар мепарваронд, дар 33- солагӣ ба ҷангал рафт ва зиндагии тозаеро оғоз кард.

Ӯ харсанги бузургеро барои сохтани асари ҳунариаш интихоб кард ва ҳоло ба ӯ лақаби “Марди сангӣ”-ро додаанд ва ба намоде аз Никарагуа табдил шудааст.

Асари А. Гутерз

 

 Ин марди никарагӯӣ рӯзе се соат рӯйи сангҳои ғӯлпайкар дар наздикии кулбаи чӯбиаш кор мекунад ва тавонистааст асари ҳунарии ғӯлпайкареро рӯйи санг тарроҳӣ кунад ва маъруфтарин маъбади минтақаро бисозад.

Алберту Гутерз ҳаргиз издивоҷ накарда ва фарзанде надорад, дар кулбае чӯбӣ зиндагӣ мекунад, рӯйи замин мехобад, дастрасӣ ба оби ҷорӣ надорад ва бештари замони рӯзро дар ҷангал мегузаронад ва мафҳумҳое чун интернетро дарк намекунад.

 Мардуми Никарагуа аксҳое аз ӯ, хона ва ҳунарашро дар интернет мунташир кардаанд ва боис шудаанд туристҳое аз кишварҳои дигар танҳо барои дидани ҳунари Алберту ба ин маҳал бираванд.

Осори ҳунарии сангии ӯ дар 10 соли гузашта бештар аз 30 ҳазор нафар боздидкунанда доштааст.

"Марди сангӣ"