Ифтитоҳи тӯлонитарин пули муаллақи ҷаҳон дар Швейтсария + АКС
Август 05, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
Тӯлонитарин пули муаллақи ҷаҳон дар Швейтсария бо 493 метр тӯл ифтитоҳ шуд.
Ин пули борик ва тӯлонӣ, ки дар миёни дарае дар наздикии шаҳри Зерматт қарор гирифтааст, 84 метр баландӣ дорад ва сохти он 10 ҳафта замон бурдааст.
Ин пул бисёр борик аст ва фақат як нафар метавонад дар он воҳид аз он бигузарад. Бинобар ин касе наметавонад дар миёни масир пушаймон шавад ва ба ақиб баргардад.
Ин пули ҷадид дар Зерматт ҷойгузини як пули қадимӣ шудааст, ки дар асари резиши сангҳо осеб дида буд.
Ин пул аз фӯлод сохта шуда ва масиреро, ки кӯҳнавардон дар муддати ду рӯзи кӯҳнавардӣ тай мекунанд, мустақим ва кӯтоҳтар мекунад.
Бинобар ин шояд битавон гуфт, ин пул махсуси кӯҳнавардоне аст, ки аз баландӣ тарсе надоранд.