Август 06, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъгирии зиддиэронии мушовири амнияти миллии Кохи Сафед

Дар идомаи мавзеъгириҳои зиддиэронии Вашингтон мушовири умури амнияти миллии Амрико муддаӣ шуд, Эрон БАРҶОМ-ро нақз кардааст.

Ҳерберт Макмастер, мушовири умури амнияти миллии Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии MSNBC афзуд, аз бисёр ҷиҳат тавофуқи ҳастаии “Гурӯҳи панҷ ба илова як” бо Эрон (БАРҶОМ) манофеи Амрикоро таъмин накардааст. Мушовири умури амнияти миллии Амрико ҳамчунин гуфт, хурӯҷи якҷонибаи ин кишвар аз тавофуқи ҳастаии “Гурӯҳи 5+1” бо Эрон барои Кохи Сафед ҳазина хоҳад дошт. Ба гуфтаи мушовири умури амнияти миллии Амрико, арзёбии БАРҶОМ тайи ҳар 90 рӯз таъйинкунандаи сиёсатҳои Кохи Сафед хоҳад буд.

Мавзеъгириҳои зиддиэронии мушовири умури амнияти миллии Амрико дар шароите матраҳ мешавад, ки гузоришҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Созмони Милали Муттаҳид ҳокӣ аз пойбандии комили Эрон ба БАРҶОМ будааст.

 

Барчасп