Август 07, 2017 15:41 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати густарда бо бонуи аввали Фаронса

Беш аз 160 ҳазор фаронсавӣ як тӯмори интернетиро дар мухолифат бо дар назар гирифтани мансаби расмии бонуи аввал барои ҳамсари Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса имзо карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, ин тӯмор ду ҳафтаи пеш дар вебсайти Change.org ба сабти расид ва дар он тақозо шудааст, то буҷете барои ҳуқуқи мансаби бонуи аввали кишвар таъин нашавад .

Дар ин тӯмор, ки то рӯзи якшанбе 160 ҳазор имзо ҷамъ кард, навишта шудааст: Брижит Макрон дар ҳоли ҳозир ду ё се дастёр ба ҳамроҳи ду муншӣ ва ду муҳофизи амниятӣ дорад ва ҳамин кофӣ аст .

Макрони 39 сола дар даврони интихобот гуфта буд, ҳамсари 64 солаи худро ба симмати бонуи аввалӣ мансуб мекунад, аммо таъкид карда буд, ки ӯ аз буҷети давлат ҳуқуқ дарёфт нахоҳад кард .

Мухолифони чапгарои Макрон дар парлумон низ пештар ба ин тарҳ эътироз карда буданд.