Август 07, 2017 19:57 Asia/Dushanbe
  • Моҳ имшаб дар чаҳор қорраи ҷаҳон мегирад

Пешбинии донишмандони илми нуҷум ва ситорашиносон нишон медиҳад, ки имшаб бахше аз моҳ дар чаҳор қорраи ҷаҳон мегирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин моҳгирифтагии ҷузъӣ, ки дар чаҳор қорраи Осиё, Аврупо, Африқо ва Австралия қобили мушоҳида аст, танҳо бахше аз моҳ даруни сояи замин қарор мегирад, дар натиҷа тамом ё қисмате аз моҳ гирифта ва торик мешавад ба тавре, ки барои умуми бинандагон қобили мушоҳида хоҳад буд .

Дар Эрону Тоҷикистон низ ин моҳгирифтагӣ қобили мушоҳида аст .

Мардум дар Тоҷикистон аз соати 22:24 то 22:49 дақиқа ба муддати 25 дақиқа фурсат доранд, ин падидаи табииро тамошо кунанд .

Дар Эрон низ ин моҳгирифтагӣ соати 21:52 имшаб ба вақти Теҳрон оғоз мешавад ва соати 23:48 бо хуруҷи комили моҳ аз сояи замин ба поён мерасад .

Ин моҳгирифтагӣ сабаби вуҷуби намози оёт мешавад .

Хусуф ё моҳгирифтагӣ замоне рух медиҳад, ки замин байни моҳу хуршед қарор мегирад ва сояи он бар рӯи моҳ меафтад .