Таъкиди Могеринӣ бар иҷрои БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21294-Таъкиди_Могеринӣ_бар_иҷрои_БАРҶОМ
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар ҳошияи Маҷмаи минтақаии ASEAN дар Манила, пойтахти Филиппин бо вазирони умури хориҷаи Амрико, Русия ва Чин дидор ва бар иҷрои комили барномаи ҷомеи иқдоми муштараки БАРҶОМ таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 08, 2017 07:23 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Могеринӣ бар иҷрои БАРҶОМ

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар ҳошияи Маҷмаи минтақаии ASEAN дар Манила, пойтахти Филиппин бо вазирони умури хориҷаи Амрико, Русия ва Чин дидор ва бар иҷрои комили барномаи ҷомеи иқдоми муштараки БАРҶОМ таъкид кард.

Ба нақл аз Ирно, бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар баёнияе эълом кард,  Федерика Могеринӣ дар дидор бо Рекс Тиллерсон, Сергей Лавров ва Ванг Йи, вазирони умури хориҷаи Амрико, Русия ва Чин дар Манила, ононро аз сафари худ ба Теҳрон ва ширкат дар маросими таҳлифи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон огоҳ кард .

Могеринӣ дар ин дидорҳо, ҳамчунин аз арзёбии нишасти рӯзи 21 июли Комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена мабнӣ бар инки тааҳҳудоти барҷомӣ тавассути тамомии тарафҳо иҷро мешавад, истиқбол кард .

Ҳаштумин Нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ бо ширкати Саидаббоси Ироқчӣ, муовини вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, Ҳелга Шмид, муовини Могеринӣ аз сӯи Иттиҳодия Аврупо ва дар сатҳи муовинони вазирва мудирони кулли сиёсии кишварҳои 1+5, рӯзи ҷумъа 21 июл дар Вена баргузор шуд .

Саидаббоси Ироқчӣ дар поёни ҳаштумин Нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена, пойтахти Австрия дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба инки ҳамаи тарафҳо аз пайбандии Эрон ба БАРҶОМ ва ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ қадрдонӣ карданд, тасреҳ кард, аъзои Комиссияи муштараки БАРҶОМ бар иҷрои комил ва бо ҳуани нияти БАРҶОМ ва бар худдорӣ аз ҳаргуна иқдоме, ки иҷрои муваффақиятомези БАРҶОМ-ро хадшадор мекунад, таъкид карданд .

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷи ба иловаи як (Британия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора БАРҶОМ-ро нақз мекунад .