Дастгирии шуморе аз террористҳои узви ДИИШ дар Истанбул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21296-Дастгирии_шуморе_аз_террористҳои_узви_ДИИШ_дар_Истанбул
Рӯзномаи Миллияти чопи Туркия аз дастгирии шуморе аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Истанбул хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 08, 2017 12:38 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии шуморе аз террористҳои узви ДИИШ дар Истанбул

Рӯзномаи Миллияти чопи Туркия аз дастгирии шуморе аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Истанбул хабар дод.

Рӯзномаи Миллият дар шумораи рӯзи сешанбеи худ навишт, тими террористии панҷ нафараи ДИИШ дар амалиёти муштараки полис ва созмони иттилооти миллии Туркия (Мит) дар маҳаллаи Башак Шаҳир дастгир шуданд .

Миллият навишт: Дастгиршудагон табааи хориҷӣ ҳастанд. Ин афрод барои иҷрои амалиёти террористӣ ба Туркия эъзом шуда буданд .

Дар ҳамлаи нерӯҳои полис ва нерӯҳои Созмони иттилооти миллии Туркия ба хонаи тимии террористҳо дар маҳаллаи Башак Шаҳири Истанбул се қабза тапонча, мақодири зиёде асноди созмонӣ ва таҷҳизоти рақамӣ кашфу забт шуд .

Боздошти аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Туркия дар ҳолест, ки ин кишвар бо ҳамкории ҳампаймонони ғарбии худ бо ҳимоят аз ин гурӯҳи террористӣ дар саркуб ва куштори мардум ва нерӯҳои давлатии Ироқу Сурия мушорикат дорад .