Август 08, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Амрико мисли як кӯдаки эрка рафтор мекунад

Муовини вазири умури хориҷии Русия гуфт, Амрико дар мувоҷиҳа бо буҳрон дар робита ба Кореяи Шимолӣ ҳамонанди як "бачаи эркаи дорои мизоҷи тағйирёбанда" рафтор мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Донишҷуён”-и Эрон (ИСНА), Сергей Рябков гуфт: «Вашингтон масъулияти масоилро бар дӯши дигарон меандозад, дар ҳоле ки дар воқеъ, бояд масъулияти ин умурро бар уҳда бигирад. Ин гуна рафтор дуруст нест ва метавон онро бо рафтори як кӯдаки эрка муқоиса кард, ки вақте ба замин меафтад ва бозичаи дилхоҳаш билофосила харида намешавад, гиря мекунад».

Дар ҳафтаҳои ахир Амрико талош мекунад, бо ворид кардани фишори бештар алайҳи Чин ин кишварро водор кунад, то монеи пешрафти барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ шавад.

Муовини вазири умури хориҷии Русия бо вуҷуди таъбири хосе, ки дар бораи Амрико ба кор бурд, гуфт, қасд надорад, вазъияти феълиро "хандадор" нишон диҳад, зеро масоили мавҷуд, аз ҷумла масъалаи шибҳиҷазираи Корея бисёр муҳиму ҷиддӣ аст.