Август 09, 2017 14:35 Asia/Dushanbe
  • Ройзании раисони Ситоди муштараки Русияву Амрико дар бораи Ироқу Сурия

Раисони Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Амрико дар бораи масоили Сурияву Ироқ, мубориза бо ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии “Русия – 24”, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, генерал Валерий Герасимов ва Ҷозеф Донфорд, раисони Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Амрико дар заминаи фаъолияти “минтақаи амн” дар ҷануби ғарби Сурия, ки дар чорчӯби музокироти Остона, пойтахти Қазоқистон ва эҷоди манотиқи бидуни даргирӣи шакл гирифтааст, телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Туркия 14-уми майи соли 2017 дар чаҳорумин даври музокироти сурӣ -сурӣ дар пойтахти Қазоқистон, тафоҳумномаи эҷоди манотиқи амнро дар Сурия имзо карданд, ки дарбаргирандаи манотиқе дар вилоятҳои Идлиб, бахшҳое аз Ҳумс, Ғӯтаи Шарқӣ, Даръо ва Қунайтара бо ҳадафи коҳиши хушунатҳост.

Пулиси низомии Русия таъмини амнияти бахшҳое аз манотиқи амн дар Ғӯтаи Шарқӣ дар наздикии Димишқ ва вилоятҳои Идлибу Ҳумси Сурияро бар ӯҳда дорад.

 

Барчасп