Август 09, 2017 21:18 Asia/Dushanbe
  • Ҷазираи кӯчаке, ки мумкин аст, маҳалли оғози ҷанги ҷаҳонии сеюм бошад

Ҷазираи кӯчаке, ки масоҳати он беш аз 549 километри мураббаъ нест, ин рӯзҳо ба конуни танишҳои ҷаҳонӣ табдил шуда ва мумкин аст, маҳалли оғози ҷанги ҷаҳонии сеюм бошад.

Дар паи ташдиди танишҳо миёни Амрикову Кореяи Шимолӣ, Пхенян дар вокуниш ба изҳороти таҳдидомези Трамп ҳушдор дод, ки ҷазираи Гуамро ҳадаф қарор хоҳад дод .

Шабакаи NBC News-и Амрико ба ин муносибат дар гузорише ба далели табдили ҷазираи Гуам дар Уқёнуси ором ба меҳвари танишҳои ҷаҳонӣ пардохтааст .

Тибқи ин гузориш, ҷазираи Гуам бо 549 километри мураббаъ масоҳат ва 170 ҳазор нафар ҷамъият, дар ғарби навори соҳилии Уқёнуси ором қарор дорад ва яке аз муҳимтарин пойгоҳҳои дарёӣ ва ҳавоии Амрикоро дар худ ҷой додааст .

Гуам аз соли 1898 дар қаламрави иёлоти муттаҳида қарор гирифтааст, аммо бо ин ҳол, ин ҷазира бахше аз хоки Амрико маҳсуб намешавад ва аҳолии он дар интихоботи Амрико ширкат намекунанд .

Гуам наздиктарин маконест, ки Кореяи Шимолиро ба Амрико муртабит месозад ва фосилаи Гуам бо Кореяи Шимолӣ ҳудуди се ҳазор километр аст .

Дар паи таҳдидоти ахири Кореяи Шимолӣ алайҳи ин ҷазира, сухангуи ҳайъати парлумонии Гуам ба хабаргузории Ассошиатед Пресси Амрико гуфт, умедвор аст, ки дар сурати ҳамлаи Кореяи Шимолӣ, ин ҷазира битавонад аз худ дифоъ кунад .