Гузориши СММ аз диишиҳое, ки ҳатто тарзи намозхониро намедонанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21422-Гузориши_СММ_аз_диишиҳое_ки_ҳатто_тарзи_намозхониро_намедонанд
Ёфтаҳои як пажӯҳиши Дафтари зиддитерроризми Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, бисёре аз ситезаҷӯёни ДИИШ савод ва шинохти дурусте аз Ислом надоранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 10, 2017 09:50 Asia/Dushanbe
  • Гузориши СММ аз диишиҳое, ки ҳатто тарзи намозхониро намедонанд

Ёфтаҳои як пажӯҳиши Дафтари зиддитерроризми Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, бисёре аз ситезаҷӯёни ДИИШ савод ва шинохти дурусте аз Ислом надоранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Си Эн Эн Турк, ҳафтаи гузашта Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид гузориши муфассале дар бораи гурӯҳе аз ситезаҷӯёни хориҷии ҷазбшуда ба ДИИШ ва шароити онҳо мунташир кард.

Ин гузориш ҳосили мусоҳибаи ду коршиноси ин дафтар бо 42 мард ва як зани ситезаҷуи хориҷӣ аст, ки аз 12 кишвар ба ДИИШ дар Сурия ҷазб шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, ин диишиҳо иддао кардаанд, аз мусалмонон дифоъ мекунанд, аммо ҳеҷ иттилое аз бисёре аз усулу поя ва аҳкоми Ислом, аз ҷумла ҷиҳод надоранд ва ҳатто як дуои содда ва намоз хондан ҳам балад нестанд.

Ҳеҷ кадом аз ин афрод дар даврони кӯдакӣ омӯзиши дурусте надида ва соҳиби як ҳирфаи шинохташуда набуданд.

Дини ин афрод на бар асоси маънавият, балки ҳавли меҳвари шикоф байни он чи ки адолат ва беадолатӣ медонанд, шакл гирифтааст.

Боварҳои динии ин афрод нақши каме дар пайвастани онҳо ба ДИИШ дошта, дар муқобил ваъдаҳои фиребандаи иқтисодӣ, аз ҷумла дастмузди моҳонаи боло, маскан ва ё ҳатто издивоҷ аз муҳимтарин муҳаррикҳои ин 43 нафар барои пайвастан ба ДИИШ будааст.

Ҳамчунин бар асоси ин гузориш, бар хилофи он чи ки бештар мардум фикр мекунанд, интернет ба таври мустақил таъсири камтаре дар ҷазби ин афрод ба ДИИШ доштааст ва ин афрод пас аз он ки тасмими худро мегирифтанд, барои таъйид ва тақвияти тасмимашон аз фазои маҷозӣ ва интернет истифода мекарданд.

Ин афрод бештар дар маҳфилҳои дӯстона, аз ҷумла дар масҷидҳо, зиндонҳо, мадрасаҳо, донишгоҳҳо ва маҳалли кор ҷазби ДИИШ шуда ва тасмим ба пайвастан ба ин гурӯҳи террористӣ гирифтаанд.

Хулосаи ин гузориш меафзояд, мудирияти нодурусте, ки таваҷҷуҳе ба қонун надорад, сиёсатҳои табъизомези иҷтимоӣ ва маҳрумиятҳои сиёсии ҷомеаҳо дар канори озору азияти мақомоти амниятӣ метавонад ба эҷоди ҳисси ноумедӣ, хашм ва душманӣ бо давлат бианҷомад ва заминае барои пайвастани афрод ба террористҳо шавад.