Кашфи қабристони динозаврҳо дар Сибир (АКС)
Август 10, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
Муҳаққиқон ба таври иттифоқӣ қабристоне аз динозаврҳоро дар Сибир кашф кардаанд, ки қидмати бархе аз устухонҳои он ба 100 то 120 миллион сол қабл мерасад.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, ин қабристони бузург аз динозаврҳо ва мамонтҳо дар минтақаи Красноярски Сибири Русия кашф шудааст.
Пажӯҳишгарон мӯътақиданд, инсонҳои бостон аз ин минтақа барои шикори мамонтҳо ва асбҳои обӣ истифода мекардаанд, аммо миллионҳо сол қаблтар аз он, динозаврҳои гӯштхор ва гиёҳхори мутааддиде ҳангоми марг ба инҷо меомаданд.
Нишонаҳои аввалия ҳокӣ аз он аст, ки дар ин минтақа ҳазорон устухони динозавр вуҷуд дорад.