Духтароне, ки дар сини балоғат писар мешаванд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21444-Духтароне_ки_дар_сини_балоғат_писар_мешаванд
Дар як падидаи аҷиби ирсӣ, духтарони рустои «Las Salinas» дар минтақаи Роҳуно дар ҷумҳурии Доминикан дар даврони балоғат бидуни мудохилат пизишкӣ писар мешаванд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 10, 2017 19:30 Asia/Dushanbe
  • Духтароне, ки дар сини балоғат писар мешаванд

Дар як падидаи аҷиби ирсӣ, духтарони рустои «Las Salinas» дар минтақаи Роҳуно дар ҷумҳурии Доминикан дар даврони балоғат бидуни мудохилат пизишкӣ писар мешаванд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, ин вазъияти мубҳам ба номи “guevedoces” навъе ихтилоли нодир аст ва пизишкон ба ин натиҷа расидаанд, ки ин вазъият дар натиҷаи набуди анземҳои масъул таваққуфи тавлиди ҳурмуни мардона дар хун дар раҳм ба вуҷуд меояд, ки ба таваллуди навзоди писар бо зоҳири духтарона дар замони таваллуд мунҷар мешавад.

Аммо замоне, ки тарашшӯҳи ҳурмуни тестостерон дар сини булуғ шурӯъ мешавад, садои афроди мубтало ба ин ихтилол тағйир мекунад ва тағйироте дар соири аъзои онҳо бавуҷуд меояд ва ин амре аст, ки дар асл бояд дар даврони ҷинини дохили раҳми модар сурат бигирад, аммо барои ин кӯдакон баъд аз 12 солагӣ иттифоқ меафтад.

Яке аз афроди мубтало ба ин падида мегӯяд, ба унвони як духтар мутаваллид ва бузург шудааст ва ҳатто ба ёд дорад, ки бо либоси духтарона мадраса мерафтааст.

Ҷумҳурии Доминикан кишваре кӯчак дар савоҳили дарёи Кариб дар қораи Амрико аст.