Август 11, 2017 16:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши хушунати ҳиндуҳои ифротӣ алайҳи мусалмонони Ҳинд

Ҳамлаҳои нажодпарастонаи ҳиндуҳои ифротӣ алайҳи мусалмонони Ҳинд афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши бахши ҳиндии Радиои бурунмарзии Эрон, Ҳомид Ансорӣ рӯзи панҷшанбе дар охирин рӯзи кории худ ба унвони муовини раисҷумҳури Ҳинд гуфт, аз се сол пеш, бо ба қудрат расидани ҳизби ҳокими BGP хушунат алайҳи мусалмонон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Ансорӣ афзуд, мусалмонони Ҳинд бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла гирифтани мансаби давлатӣ, масоили иҷтимоӣ ва таълиму омӯзиши фарзандонашон мувоҷеҳ ҳастанд. Навид Ҳомид, раиси Маҷлиси машваратии Ҳинд низ изҳороти Ҳомид Ансориро таъйид кард ва аз давлати Норендро Моди хост, ба ҳамалоти ҳиндуҳои ифротӣ алайҳи мусалмонон поён дода шавад.

Раҳбарони мусалмонҳои Ҳинд зимни интиқод аз рафтори хушунатомез ва нажодпарастонаи ҳиндуҳои ифротӣ борҳо аз ин ки бо гузашти ҳафтод сол аз истиқлоли Ҳинд ҳанӯз мусалмонони ин кишвар дар фазои ҳарос зиндагӣ мекунанд, ибрози нигаронӣ кардаанд. Ҳудуди 200 миллион нафар аз ҷамъияти як миллиарду 250-миллионнафарии Ҳиндро мусалмонон ташкил медиҳанд.

 

Барчасп