Вокуниши хандаовари Трамп ба ихроҷи дипломатҳои амрикоӣ аз Русия
Раисҷумҳури Амрико дар вокуниши аҷибе аз раисҷумҳури Русия бинобар ихроҷи садҳо дипломату корманди ниҳодҳои дипломатии Амрико аз Маскав қадрдонӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон ба дастури ахири давлати Маскав барои коҳиши шумори кормандони сафорату консулгариҳои Амрико дар Русия ишора карда гуфт, аз Владимир Путин сипосгузор аст, ки сабаб шуд, то Амрико ба афроди камтаре маош диҳад. Трамп ин изҳороташро бар он асоснок кард, ки дар чунин ҳол, Амрико пул зиёде пасандоз мекунад. Аммо Ҷон Кёрби, сухангӯи пешини Вазорати умури хориҷии Амрико дар вокуниш ба ин изҳороти Доналд Трамп гуфт, ин суханон хандаовартарин ҳарфҳое ҳастанд, ки Трамп тайи шаш моҳи раёсатҷумҳурияш бар забон овардааст.
Маскав моҳи гузашта барои муқобила бо таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Русия 755 тан аз кормандони сафорату консулгариҳои Амрико дар Русияро ихроҷ ва дастури таътили чанд муҷтамаи дипломатии Амрико дар Русияро низ содир кард. Конгресс ва Сенати Амрико ахиран тарҳи таҳримҳои ҷадидеро зидди Эрон, Русия ва Кореяи Шимолӣ тасвиб карданд.