Инзивои ҷаҳонии Амрико бо хурӯҷ аз БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21542-Инзивои_ҷаҳонии_Амрико_бо_хурӯҷ_аз_БАРҶОМ
Мушовири собиқи Кохи Сафед ҳушдор дод, Амрико бо худ аз БАРҶОМ дар ҷаҳон мунзавӣ хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 12, 2017 11:57 Asia/Dushanbe
  • Инзивои ҷаҳонии Амрико бо хурӯҷ аз БАРҶОМ

Мушовири собиқи Кохи Сафед ҳушдор дод, Амрико бо худ аз БАРҶОМ дар ҷаҳон мунзавӣ хоҳад шуд.

Фрэнк ван Хиппел, мушовири собиқи Кохи Сафед, рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 ба зарари Амрико аст.

Фрэнк ван Хиппел афзуд, тавсеаи саноати дифоӣ ҳаққи Эрон аст ва бархилофи БАРҶОМ нест.

Ба гуфтаи мушовири собиқи Кохи Сафед, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар раванди иҷрои БАРҶОМ коршиканӣ мекунад.

Фрэнк ван Хиппел ҳамчунин гуфт, ҳеҷ санаде дар бораи ин ки Эрон тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ-ро нақз карда бошад, вуҷуд надорад.

Доналд Трамп, ҳамвора тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1-ро тавофуқи номуносиб дониста ва хостори тағйири он шудааст.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 як ё ҳамон БАРҶОМ (Бритониё, Фронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ, ҳамвора БАРҶОМ-ро нақз мекунад.