Август 13, 2017 11:25 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти хушунатбори нажодпарастон дар Вирҷинияи Амрико

Эътирозоти хушунатбор дар шаҳри Шарлоттсвилли- иёлати Вирҷинияи Амрико то кунун се кушта бар ҷо гузоштааст.

Ба гузориши хабаргузори Фаронса, Морис Ҷонс аз мақомоти шаҳри Шарлоттсвилли- иёлати Вирҷинияи Амрико гуфт, рӯзи шанбе дар таҷаммӯи ростгароёни ифротӣ як нафар дар асари бархӯрд бо худраве, ки ба тарафи ҷамъият сарозер шуда буд, кушта шуд ва ду маъмури пулис низ дар ҳодисаи суқути болгард наздикии маҳалли даргирии тазоҳуркунандагони нажодпараст ва мухолифон, кушта шуданд.

Майкл Сингер, шаҳрдори Шарлоттсвилл, Доналд Трамп ва давлати ӯро мусаббиби хушунатҳои нажодпарастонаи ахир дар ин шаҳр донист.

Даргириҳо дар шаҳри Шарлоттсвил замоне оғоз шуд, ки гурӯҳҳои нажодпараст ва ростгароёни ифротӣ дар мухолифат бо барчидани як муҷассама аз порке дар ин шаҳр тазоҳурот карданд.

Ин муҷассама, тандиси Роберт Эй. Ли аз фармондеҳони артиши Вирҷиния дар ҷанги дохилии Амрико дар қарни нуздаҳум аст, ки ҳомии бардадорӣ буд.

Нажодпарастон бо шиорҳои фашистӣ бо мухолифон даргир шуданд ва шиорҳои тунде дар ҳимоят аз бартарии нажоди сафед ва мухолифат бо муҳоҷирон сар доданд, ки ба думболи он дар Вирҷиния вазъияти фавқулода эълом шуд.

Гурӯҳҳои нажодпараст дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 Амрико ба Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико раъй додаанд.