Дархости Эрдуғон аз сармоягузорони хориҷӣ: Ба Туркия эътимод кунед
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21586-Дархости_Эрдуғон_аз_сармоягузорони_хориҷӣ_Ба_Туркия_эътимод_кунед
Раисиҷумҳури Туркия сармоягузорони хориҷиро ба сармоягузорӣ дар кишвараш фарохонд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 13, 2017 09:33 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эрдуғон аз сармоягузорони хориҷӣ: Ба Туркия эътимод кунед

Раисиҷумҳури Туркия сармоягузорони хориҷиро ба сармоягузорӣ дар кишвараш фарохонд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии “Хабар 7”-и Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи шанбе гуфт, Ожонси ҳимоят аз сармоягузорӣ ва дигар созмонҳои Туркия омодаи ҳар гуна ҳимоят аз муассисоти байналмилалӣ барои сармоягузорӣ дар ин кишвар ҳастанд.

Вай ҳамчунин мизони сармоягузории хориҷиро дар Туркия, дар 14 соли гузашта 181 миллиард доллар эълом кард.

Раисиҷумҳури Туркия гуфт, бо вуҷудитаҳдидҳое, ки 15 июли 2016 бо он мувоҷеҳ шудем, демократия ва иқтисоди Туркия ҳамчунон устувор ва по барҷо аст.

Кудатои нофарҷоми 15 июли соли гузашта ва ҳамалоти террористии гоҳу бегоҳе ба санъати гардишгарии Туркия, ки аз муҳиммтарин манобеи даромади ин кишвар аст, осеб задааст.