Фирори дипломати Туркия аз Бангладеш пас аз фарохонӣ
(last modified Sat, 13 Aug 2016 09:33:16 GMT )
Август 13, 2016 14:33 Asia/Dushanbe
  • Фирори дипломати Туркия аз Бангладеш пас аз фарохонӣ

Расонаҳои Туркия аз фирорӣ шудани кордори сафорати Туркия дар Бангладеш хабар доданд.

Пойгоҳи интерентии "Daily Star" ба нақл аз манобеи мувассақ эълом кард, ки ин дипломати Туркия пас аз фаро хонда шудан ба кишвари худ ҳамроҳ бо хонаводааш ба Русия фирор ва аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардааст. Бар асоси ин гузориш, ду тан аз дипломатҳои дигари сафорати Туркия низ ба Амрико фирор кардаанд.

Гуфтанист, аз се ду ҳиссаи 208 дипломате, ки баъд аз табаддулоти нофарҷоми ахири ин кишвар ба Анкара фаро хонда шуданд, ҳанӯз фирорӣ ҳастанд ва Туркия иттилооте мабнӣ ба фирори онон ба кишварҳои мухталиф дарёфт кардааст.