Август 14, 2017 13:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия дар бораи оғози ҷанги Кореяи Шимолӣ ва Амрико

Русия дар бораи оғози ҷанг байни Кореяи Шимолӣ ва Амрико ҳушдор дод.

  Ба гузориши ИРНА, Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия рӯз якшанбе дар гуфтугӯ бо телевизиони ин кишвар, гуфт, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки барои ҳалу фасли вазъияти Кореяи Шимолӣ нируи низомӣ ба кор гирифта шавад.

 Захарова афзуд, авзои шибҳи ҷазираи Корея ба далели иқдомҳои Амрико наздики марзҳои Кореяи Шимолӣ ва баргузории размоишҳои муштарак бо муттаҳидонаш ва дар муқобил, партобҳои мушакии Пхенян буҳронӣ шуда ва дар остонаи як ҷанги бузург қарор гирифтааст.

 Joseph Dunford, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи якшанбе пас аз вуруд ба пойгоҳи ҳавоии “Osan”-и Кореяи Ҷанубӣ, бар идомаи таҳрим зидди Кореяи Шимолӣ таъкид кард ва афзуд, артиши Амрико омодаи ба коргирии гузинаҳои низомӣ зидди Пхенян аст.

Танишҳо дар шибҳи ҷазираи Корея ҳам акнун дар болотарин сатҳ қарор дорад.

 

Барчасп