Август 14, 2017 17:45 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии музокирот барои тавофуқномаи транзитии Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон

Пас аз ду сол таъхир дар имзои тавофуқномаи транзитии “Тоҷикистон-Афғонистон- Покистон”, музокирот барои густариши мубодилоти молӣ ва колоии байни ин кишварҳо аз сар гирифта шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Умар Зохилвол, сафири Афғонистон дар Исломобод дар дидор бо Исҳоқ Дор, вазири дороии Покистон дар бораи аз саргирии музокирот барои густариши мубодилоти тиҷории миёни кишварҳои минтақа тавофуқ карданд .

Ин нахустин нишасти пас аз шарти Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон маҳсуб мешавад, ки ду сол қабл аз давлати Покистон хоста буд, ба тарҳи тавофуқномаи сеҷонибаи транзитии Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон Ҳиндро низ илҳоқ кунад .

Мушкили ба имзо нарасидани тавофуқномаи транзитии “Тоҷикистон-Афғонистон- Покистон”, апрели соли 2015 дар сафари раисҷумҳури Афғонистон ба Ҳинд ошкор шуд .

Ашраф Ғанӣ, он замон дар мулоқот бо Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд гуфта буд: Чунончи Исломобод барои дастрасии Ҳинд ба Афғонистон монеъ эҷод накунад, ба ин кишвар барои дастрасӣ ба бозори Тоҷикистон кумак хоҳад кард .

Тавофуқномаи транзитии Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон дар солҳои ахир аз мавзуоти меҳварии дидори руасои ҷумҳурии ин се кишвар будааст .

Имзои ин тавофуқнома метавонад заминаи интиқоли осон ва арзони колоро аз Осиёи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон фароҳам кунад .

 

Барчасп