Мақоми рус: Таҳримҳои Амрико бенатиҷа ва беҳадаф аст
Раиси Кумитаи умури байналмилалии Думаи Русия таҳримҳои Амрико зидди Русияро иқдоми бенатиҷа ва беҳадаф арзёбӣ кард.
Ба гузориши ИРНА, Алексей Пушков, раиси Кумитаи умури байналмилалии Думаи Русия рӯзи сешанбе дар сафҳаи твиттерии худ навишт, Амрико аз эъмоли таҳримҳои якҷонба зидди Русия ва соири кишварҳои мустақил натиҷа нагирифтааст ва ин таҳримҳо нишондиҳандаи ҳарҷу марҷ дар Вашингтон аст. Ба гуфтаи раиси Кумитаи умури байналмилалии Думаи Русия, таҳримҳои Амрико мунҷар ба тирагии шадиди равобити Вашингтону Маскав шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати иқтисоди Русия дар гузорише эълом кард, Амрико аз соли 1970 95 таҳрим алайҳи кишварҳо эъмол карда, ки танҳо аз се як ҳиссаи онҳо таъсир доштааст. Ин гузориш меафзояд, шадидтарин таҳримҳо марбут ба Эрон будааст, ки дар он худи таҳримкунандагон ҳам миллиардҳо доллар хисорат дида, ҳазорон шуғлро дар кишваршон аз даст додаанд.
Сенати Амрико 27 июл ташдиди таҳримҳои якҷонибаро алайҳи Русия, Эрон ва Кореяи Шимолӣ тасвиб кард.