Август 16, 2017 13:31 Asia/Dushanbe
  • Иштибоҳи ҷадиди Доналд Трамп дар Твиттер

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар ҷадидтарин иштибоҳи худ твити яке аз мунтақидонашро, ки ӯро “фашист” хонда буд, шояд аз нофаҳмӣ такрор кард.

Трамп панҷ дақиқа баъд аз ин ки твиттери мунтақиди худро бознашр карда буд, онро ҳазф кард, аммо дигар 35 миллион нафар бинандаи Твиттер онро дида ва посухҳои сахте ҳам ба Трамп дода буданд.