Эрдуғон вожаи “ҷумҳурӣ”-ро аз номи расмии Туркия ҳазф кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21754-Эрдуғон_вожаи_ҷумҳурӣ_ро_аз_номи_расмии_Туркия_ҳазф_кард
Раиси ҷумҳурии Туркия дар сафҳаи расмиаш дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ калимаи “ҷумҳурӣ”- ро аз номи расмии ин кишвар ҳазф кардааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 16, 2017 15:12 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон вожаи “ҷумҳурӣ”-ро аз номи расмии Туркия ҳазф кард

Раиси ҷумҳурии Туркия дар сафҳаи расмиаш дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ калимаи “ҷумҳурӣ”- ро аз номи расмии ин кишвар ҳазф кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар ҳоле ки номи расмии Туркия “ҷумҳурии Туркия” аст, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар сафҳаи расмии худ дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ калимаи “ҷумҳурӣ”- ро аз номи расмии ин кишвар ҳазф кардааст.

Коршиносон муътақиданд, ин иқдом гоми ҷадиде дар бозгашт ба замони салотини Усмонӣ аст.

Ин иқдоми Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз изҳороти хатарноки раиси Шӯрои идораи Ҳизби Адолат ва Тавсеаи ҳоким бар Туркия анҷом шуд, ки ба телевизиони Си Эн Эн-и Туркия гуфта буд, Ҳизби Адолат ва Тавсеа дар ҳоли таъсиси кишвари ҷадиде аст ва мухолифон чӣ бихоҳанд чӣ нахоҳанд Эрдуғон раҳбари ин кишвар аст.

 Бархе фаъолони сиёсӣ ва мухолифони давлати Туркия тағйири қонуни асосии ин кишвар дар моҳи апрелро нишонаи талоши ҳизби ҳомии Эрдуғон барои лағви низоми ҷумҳурӣ ва таъсиси кишвари ҷадиде ба номи федералии Анатоли арзёбӣ кардаанд.