400 кӯдаки рус дар чанги террористҳои Сурия ва Ироқ
(last modified Wed, 16 Aug 2017 15:52:17 GMT )
Август 16, 2017 20:52 Asia/Dushanbe
  • 400 кӯдаки рус дар чанги террористҳои Сурия ва Ироқ

Аъзои гурӯҳҳои террористӣ ба вижа ДИИШ, ҳудуди 400 кӯдаки русро ба Сурияву Ироқ мунтақил кардаанд.

Рӯзномаи Коммерсант, чопи Маскав рӯзи чаҳоршанбе навишт, Анна Кузнетсова, намояндаи томулихтиёри раисҷумҳури Русия дар умури ҳуқуқи кӯдакон дар ҷаласае бо сафирони бархе кишварҳои Ховари Миёна дар Маскав дар бораи имкони бозгашти кӯдакони бесарпарасти рус ба кишвари худ, гуфтугӯ кард .

Гуфта мешавад, ин кӯдакон фарзандони террористҳое ҳастанд, ки аз манотиқи мухталифи Русия ба Ироқу Сурия мунтақил ва падарони онҳо дар ин кишварҳо кушта шудаанд.  

Ахбори расонаи русӣ ҳокӣ аст, токунун беш аз ду ҳазор тан аз атбои Русияи узви гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия кушта шудаанд ва беш аз ду ҳазору 500 террористи дигари рус дар он кишвар ҳузур доранд.

Расонаҳои русӣ ҳамчунин аз кушта шудани садҳо террористи табааи Русия ба вижа террористҳои чеченӣ дар набардҳои чанд моҳи ахири Мусил хабар додаанд .