Август 17, 2017 19:21 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти нахуствазири Ҳинд дар бораи ҳалли мушкили Кашмир

Нахуствазири Ҳинд гуфт, давлаташ мушкили Кашмири таҳти контроли Ҳиндро бо гулӯла ҳал нахоҳад кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Пресс Тв”, Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд дар 70-умин солгарди истиқлол ин кишвар аз Бритониё, бо ишора ба хушунатҳои ҷорӣ дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд, гуфт, мушкили ин минтақаро на бо гулӯла, балки бо ба оғӯш кашидани ҳар шаҳрванди кашмирӣ ҳал хоҳем кард.

Изҳороти Моди дар ҳоле аст, ки давлати Ҳинд ба истифодаи беш аз андоза аз нирӯи низомӣ ва куштори ғайринизомиён ва мӯътаризон дар Кашмир муттаҳам ва бо интиқодҳои шадиде рӯбарӯ аст.

Раҳул Ганди, муовини раиси ҳизби Конгресси Ҳинд бо интиқод аз сиёсатҳои давлати Нарендра Моди дар мавриди Кашмир, давлати Модиро масъули афзоиши ноамнӣ дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд хондааст.

Мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд ва сарони конфронси Ҳуррияти Кашмир, ширкат дар маросими гиромидошти солрӯзи истиқлоли Ҳиндро таҳрим ва ин рӯзро, рӯзи сиёҳ номгузорӣ карданд.

Мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд, хостори иҷрои қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид барои баргузории ҳамапурсии таъйини сарнавишти ин минтақа ҳастанд.

 

Барчасп