Дархости мардуми Ню-Йорк аз Трамп: ба Кохи Сафед баргард
Август 17, 2017 21:24 Asia/Dushanbe
Ҳазорон нафар аз сокинони маҳаллаи Манхэттени Ню-Йорк бо имзои нома аз Доналд Трамп дархост карданд, тибқи қарори қаблӣ ба Кохи Сафед баргардад.
Сокинони Ню-Йорк мегӯянд, ҳузури раисиҷумҳури Амрико дар бурҷи шахсиаш ба номи “Бурҷи Трамп” дар маҳаллаи Манхэттен боис шудааст, то ин маҳалла саҳнаи таҷаммӯи мувофиқон ва мухолифони ӯ шавад ва назми шаҳр барҳам бирезад.