Август 19, 2017 13:49 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии ҷанги ҷаҳонии севум дар соли 2050

Як коршиноси амрикоӣ дар ҷадидтарин китоби худ пешбинӣ кард, ки ҷанги ҷаҳонии севум дар соли 2050 иттифоқ меафтад.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Ал-Олам”, Ҷорҷ Фридман дар тозатарин китоби худ, ки бо унвони “Ҷаҳон дар 100 соли оянда” мунташир шудааст, бо пешбинии таҳаввулоти сиёсӣ дар қарни бистуякум менависад: “Баид аст ҷанги ҷаҳонии севум миёни Амрико ва Чин дар бигирад ва ин ду кишвар дар ҷанги ҷаҳонии севум дар як ҷабҳа хоҳанд ҷангид”.

Ҷорҷ Фридман, раиси маркази “Стретфор”-и Амрико, ки дар пешбиниҳои геополитикӣ ва умури роҳбурдии байналмилалӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, замони вуқӯи ҷанги ҷаҳонии севумро соли 2050 пешбинӣ кардааст.

Бар асоси пешбинии Фридман, бар хилофи таваққӯи дигарон дар ҷанги ҷаҳонии севум, Амрико ва Чин ба ҳамроҳи Англия, Ҳинд ва Полониё дар як ҷабҳа хоҳанд буд бо Туркия ва Ҷопон даргир хоҳанд шуд.

 Полониё он замон кишваре муҳим дар Аврупо хоҳад буд.

Ба бовари Фридман, ҷанги ҷаҳонии севум бо ҳамлаи ногаҳонии туркҳо ва ҷопониҳо иттифоқ хоҳад афтод, ки хоҳони нобудии Амрико нестанд, балки танҳо ба думболи ҳифзи манофеи худ дар шимоли ғарби уқёнуси Ором ва Ховари Миёна ҳастанд.