Вазири дифои Русия: Маскав мавқеияти худ дар Осиёи Марказиро тақвият мекунад
Вазири дифои Русия гуфт, Осиёи Марказӣ ба далели идомаи ҷанги Толибон ва ДИИШ дар Афғонистон, дар маърази хатари ҷиддӣ қарор дорад.
Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар нишасти хабарӣ гуфт, Осиёи Марказӣ ба далели идомаи ҷанги Толибон ва ДИИШ дар Афғонистон, дар маърази хатар қарор дорад.
Шойгу бо таъкид бар инки Русия мавқеияти худ дар ин минтақаро тақвият хоҳад кард, афзуд, Маскав дар оянда таваҷҷуҳи худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар хоҳад кард ва ин раванд боис шуда, ки русҳо бо кишварҳои ин минтақа размоишҳои муштараке баргузор кунанд.
Вай идома дод, дар размоишҳои низомӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мушаки “Искандар” ва “Ураган” ба кор гирифта шуд.
Ин масъули баландпояи вазорати дифои Русия афзуд, дар 6 моҳаи дуввуми соли ҷорӣ таҷҳизоти ҷадиди низомӣ ба ҳавзаи Маркази низомии русҳо вогузар хоҳад шуд, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон шомили ин ҳавза мебошад.
Шойгу тасреҳ кард, бо истифода аз ин таҷҳизот нируҳои мусаллаҳи Русия барои таъмини субот ва оромиш дар минтақа аз зарфияти болое бархӯрдор хоҳанд шуд.
Таъкид бар тақвияти нируҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ дар ҳоле аст, ки Кремл дар нимаи дуввуми соли ҷорӣ бо нируҳои низомии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон чандин размоиши низомӣ баргузор кардааст.