Эрдуғон хитоб ба вазири хориҷаи Олмон: Ҳадди худатро шинос
(last modified Mon, 21 Aug 2017 08:39:05 GMT )
Август 21, 2017 13:39 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон хитоб ба вазири хориҷаи Олмон: Ҳадди худатро шинос

Раисҷумҳури Туркия бо интиқод аз давлати Олмон, аз вазири умури хориҷаи ин кишвар хост, ҳадду ҳудуди худро бишносад.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт: “Сигмар Габриэл ҳадду ҳудуди худро намешиносад, ту чи касе ҳастӣ, ки бихоҳӣ, дар бораи раисҷумҳури Туркия изҳори назар кунӣ”?

Изҳороти Эрдуғон пас аз он матраҳ шуд, ки Сигмар Габриэл, вазири умури хориҷаи Олмон, дахолати Туркияро дар интихоботи Олмон маҳкум кард .

Эрдуғон пештар аз турктаборҳои сокини Олмон хоста буд, ба аҳзоби сотсиал-демократ, демократи масеҳӣ ва сабзҳо ё ба гуфтаи вай, ба душманони Туркия райъ надиҳанд .

Равобити ду кишвар, пас аз кудутои нофарҷоми 15 июли 2016 дар Туркия ба сардӣ гароид .

Туркия Олмонро ба ҳимоят аз Фатҳуллоҳ Гулен дар тарроҳии ин кудато муттаҳам кардааст, аммо Берлин ин иттиҳомро рад мекунад .