Путин 19 ҷонишин дорад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22030-Путин_19_ҷонишин_дорад
Маркази “сиёсати Петербург”, феҳристе аз афроде, ки шоистагии раёсатҷумҳурии Русия баъд аз Путинро доранд ироа карда, ки нахуствазири феълӣ ва шаҳрдори Маскав аз он ҷумлаанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 21, 2017 19:51 Asia/Dushanbe
  • Путин 19 ҷонишин дорад

Маркази “сиёсати Петербург”, феҳристе аз афроде, ки шоистагии раёсатҷумҳурии Русия баъд аз Путинро доранд ироа карда, ки нахуствазири феълӣ ва шаҳрдори Маскав аз он ҷумлаанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, дар ин феҳрист номи 19 шахсият омадааст, ки эҳтимолан яке аз онҳо эътимоди мардуми Русияро ҷалб ва баъд аз Путин, ин кишварро ҳидоят хоҳад кард.

Дар раъси ин афрод номи Дмитрий Медведев қарор дорад, ки аз шонси бештаре бархурдор аст.

Сергей Собянин шаҳрдори Маскав дуввумин гузинаи эҳтимолӣ аст ва Алексей Дюмин, устондори устони Тула низ дар рутбаи сеюм нишастааст.

Бақияи шахсиятҳо тақрибан ба як андоза "шонс" доранд, ки раиси Шӯрои федералии Русия, раис ва ноиби раиси Идораи умури раёсатӣ ва раисиҷумҳури Чечен аз он ҷумлаанд.

Владимир Путин то кунун дар бораи тасмими худ барои номзадӣ дар даври баъдии раёсатҷумҳурӣ изҳори назари қатъӣ накарда, аммо ҳамвора таъкид доштааст, ки ҳеҷ тарҳеро барои тағйир дар қонун ба манзури идомаи ҳузураш дар ҷойгоҳи раёсатҷумҳурӣ нахоҳад пазируфт.