Кореяи Шимолӣ, Амрико ва Кореяи Ҷанубиро таҳдид ба талофӣ кард
Дар паи размоиши муштараки Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дар шибҳҷазираи Корея, Пхенян ду кишвари муттаҳидро таҳдид ба талофии бераҳмона кард.
Ба нақл аз Ирно, артиши Кореяи Шимолӣ имрӯз таҳдид кард, ки дар қиболи размоиши муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико, омодаи талофии бераҳмона аст .
Сухангуи артиши Кореяи Шимолӣ гуфт: Амрико бояд масъулияти натоиҷи фоҷеабори ин размоишро бипазирад, зеро муқобилаи низомӣ бо моро интихоб кардааст .
Сеул ва Вашингтон аз дирӯз, размоишии 10 рӯзаро оғоз кардаанд, ки 17 ҳазору 500 нерӯи амрикоӣ ва 50 ҳазор нерӯ аз Кореяи Ҷанубӣ дар он ширкат доранд .
Пхенян, ки пеш ва пас аз оғози ин размоиш борҳо дар бораи авоқиби он ҳушдор дода, ин размоишро тамрини таҷовуз тавсиф ва онро маҳкум кардааст .
Ин размоиш, ки ҳарсола аз сӯи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ алайҳи Кореяи Шимолӣ анҷом мешавад, имсол бо танишҳои бесобиқа миёни ин ду муттаҳид ва Кореяи Шимолӣ ҳамзамон шудааст .