Тавҳини навбатии нашрияи ҳаҷвии фаронсавӣ ба мусалмонон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22158-Тавҳини_навбатии_нашрияи_ҳаҷвии_фаронсавӣ_ба_мусалмонон
Маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавии “Шарли Эбдо” бо сӯиистифода аз даст доштани чанд ҷавони мағрибӣ дар ҳодисаи зери чарх монондани мардум бо мошин дар Барселона, Ислом ва мусалмононро ба терроризм муттаҳам кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 24, 2017 13:15 Asia/Dushanbe
  • Тавҳини навбатии нашрияи ҳаҷвии фаронсавӣ ба мусалмонон

Маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавии “Шарли Эбдо” бо сӯиистифода аз даст доштани чанд ҷавони мағрибӣ дар ҳодисаи зери чарх монондани мардум бо мошин дар Барселона, Ислом ва мусалмононро ба терроризм муттаҳам кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал-Олам”, ҳафтаномаи “Шарли Эбдо”, чопи Фаронса рӯзи чаҳоршанбе дар аввалин сафҳаи худ карикатурае дар бораи ҳамлаи террористии чанд рӯзи пеш дар Барселона мунташир кард, ки нишон медиҳад ду кушта рӯйи замин афтодааст ва ҷумлаи “Ислом дини сулҳ аст” болои сафҳа дида мешавад.

Калимаи “барои ҳамеша” ҳам пойини сафҳа навишта шудааст.

“Шарли Эбдо” бо интишори ин карикатура бори дигар худро дар маърази интиқодҳо қарор дод ва ҳатто масъулони фаронсавӣ низ карикатураи тавҳиномези ҷадиди ин ҳафтаномаро таҳрики ошкори мусалмонони Аврупо тавсиф кардаанд.

Лурен Сурису, сардабири “Шарли Эбдо” дар дифоъ аз интишори карикатураи тавҳиномези ахири ин маҷалла муддаӣ шуд, коршиносон ва масъулон барои риояти ҳоли мусалмонони миёнараве, ки ба қонун эҳтиром мегузоранд, аз матраҳ кардани мавзӯҳои дардисарсоз худдорӣ мекунанд ва баҳс дар бораи нақши дин, ба хусус дини Ислом дар ҳамалоти террористӣ комилан нопадид шудааст.

Маҷаллаи “Шарли Эбдо” то кунун борҳо карикатураҳои тавҳиномез дар қиболи мусалмонон ва ҳатто карикатураҳое аз паёмбари Ислом (с) чоп карда, ки хашму эътирози мусалмонони саросари ҷаҳонро барангехта аст.

 Дафтари ин ҳафтанома дар Порис, пойтахти Фаронса январи соли 2015 мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла чаҳор карикатурист кушта шуданд.