Бозгашти беш аз 700 полиси Туркия ба маҳалли корашон
Садҳо полиси Туркия, ки дар иртибот бо кудатои нофарҷоми 15-уми июли соли гузаштаи Туркия аз кор барканор шуда буданд, бар сари корҳои худ бозгаштанд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, полиси Туркия дар баёнияе эълом кард, 734 нафар аз нерӯҳои полиси Туркия, ки ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи Гюлен аз кор барканор шуда буданд, пас аз баррасии дубораи парвандаҳояшон бо мувофиқати Вазорати умури дохилаи Туркия ба сари корашон бозгардонда шуданд.
Анкара Гюленро тарроҳи аслии кудатои нофарҷоми 15-уми июли соли 2016 медонад.
Дар даврони пас аз кудато беш аз 110 ҳазор тан, аз ҷумла ҳазорон афсари артиш ва полис аз кор ихроҷ, даҳҳо рӯзноманигор ва 14 намояндаи маҷлис зиндонӣ ва беш аз 140 расона таътил шуданд ва фаъолияти беш аз 32 ҳазор нафар аз кормандони давлат низ ба ҳолати таъхир даромадааст.
Давлати Эрдуғон то кунун наздик ба ҳазор ширкати муртабит бо гурӯҳи Гюленро мусодира кардааст.