Август 28, 2017 14:42 Asia/Dushanbe
  • Артиши Покистон: Ҷанги Афғонистон ба Покистон кашида намешавад

Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Покистон дар дидор бо ҳамтои афғони худ дар Душанбе, таъкид кард, Исломобод иҷоза намедиҳад доманаи ҷанги Афғонистон ба дохили Покистон кашида шавад.

    Ба гузориши ИРНА, генерал Қамар Ҷовид Боҷуо, ки барои ширкат дар Конфронси низомии чаҳорҷонибаи «механизми ҳамкориҳои мубориза бо терроризм» ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар кардааст, рӯзи якшанбе дар ҳошияи ин конфронс, бо генерал Шариф Ёфталӣ, ҳамтои афғони худ дидор кард.

    Генерал Боҷуо дар ин мулоқот ба тарафи афғон итминон дод, Покистон аз ҳар ибтикор ё пешниҳоде, ки ба сулҳи Афғонистон кумак кунад, истиқбол хоҳад кард.

     Вай гуфт, артиши Покистон манотиқи марзии худро бо Афғонистон аз вуҷуди террористҳо поксозӣ карда ва кори ҳисоркашӣ (девор) дар марз бо Афғонистонро бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз нуфузи террористҳо аз хоки Афғонистон ба дохили Покистон, оғоз кардааст.

    Конфронси чаҳорҷонибаи “механизми ҳамкориҳои мубориза бо терроризм”, бо ҳузури мақомоти низомии Чин, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

    Покистон мӯътақид аст, Амрико ба далели ҳузури низомии густурда дар Афғонистон, дар сурате, ки ирода кунад ба осонӣ метавонад, гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишварро маҳор кунад.

    Мақомоти Исломобод, ҳузури Амрико дар Афғонистонро омили ташдиди нооромӣ дар ин кишвар ва кашида шудани доманаи он, ба Покистон медонанд.