Вуруди футболбози “Реал Мадрид” ба Арабистон барои маросими ҳаҷ (акс)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22414-Вуруди_футболбози_Реал_Мадрид_ба_Арабистон_барои_маросими_ҳаҷ_(акс)
Карим Бензема футлболбози “Реал Мадрид” барои адои фаризаи ҳаҷ вориди Арабистони Саудӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 29, 2017 16:14 Asia/Dushanbe
  • Вуруди футболбози “Реал Мадрид” ба Арабистон барои маросими ҳаҷ (акс)

Карим Бензема футлболбози “Реал Мадрид” барои адои фаризаи ҳаҷ вориди Арабистони Саудӣ шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, тасовири мунташиршуда нишон медиҳад, масъулони Арабистон аз Карим Бензема, ки либоси эҳром бар тан дорад, ба таври вижа истиқбол кардаанд.

Карим Бензема мутаваллиди соли 1987 ва алҷазоириасл аст. Ӯ футболро бо пайвастан ба бошгоҳи “Лион”-и Фаронса шурӯъ кард ва дар соли 2009 ба “Реал Мадрид” пайваст. Бензема аз давраи таваққуфи бозиҳои байналмилалӣ дар марҳалаи қабл аз баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ-2018-и Русия барои адои фаризаи ҳаҷ истифода кардааст.