Август 29, 2017 20:11 Asia/Dushanbe
  • Сеул раҳбари Кореяи Шимолиро ба марг таҳдид кард

Чанд соат пас аз он ки Пхенян як бори дигар мушаки баллистикӣ партоб кард, Кореяи Ҷанубӣ таҳдид кард, раҳбари Кореяи Шимолиро нобуд мекунад.

Ба гузориши “Дэйли мэйл”, Кореяи Ҷанубӣ ҳушдор додааст, ки агар Ким Чен Ир, раҳбари Кореяи Шимолӣ ба таҳдиди амнияти шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ идома диҳад, Сеул ӯро нобуд мекунад. Бар асоси ин гузориш, пас аз он ки Сеул дар қолаби размоиши Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ ҳашт бомб дар наздикии марзи ду Корея шиллик кард, сарҳанг Ли Кок аз Кореяи Ҷанубӣ дар паёми видеое ҳушдор дод, агар Кореяи Шимолӣ амнияти мардуми Кореяи Ҷанубӣ, эътилофи Амрико ва ин кишварро бо мушаку силоҳҳои ҳастаӣ таҳдид кунад, нерӯи ҳавоии Кореяи Ҷанубӣ бо тавонмандии ҳуҷумии худ раҳбари Кореяи Шимолиро аз миён бармедорад.

Таҳдидҳои Кореяи Ҷанубӣ чанд соат пас аз шиллики як мушаки баллистикӣ аз ҷониби Пхенян бар фарози Ҷопон баён шуд.