Духтари Трамп дар Кремл рӯйи сандалии Путин
Кохи Кремл ҳузури Иванка Трампро дар дафтари раёсати ҷумҳурии Русия рад кард.
Ба гузориши “ал-Олам”, Кремл эълом кард, дар сафари Иванка Трамп, духтари раиси ҷумҳурии Амрико ба Маскав, гардиш дар Кремл ва боздид аз дафтари кории Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия тартиб дода нашуда буд.
Димитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кард, ки Иванка Трамп рӯйи сандалии Путин нанишастааст.
Пештар Майкл Коҳан, муовини созмони Трамп гуфта буд, ки дар соли 2006 барои Иванка Трамп гардише дар Кремл тартиб дода ва ӯ ин имконро ёфтааст, ки ба дафтари кории Путин ворид шавад ва рӯйи сандалии ӯ бинишинад.
Муҳтавои имейли Фликс Сотир, мушовири русиасли Трамп ба Мишел Коҳан, мушовири барканоршудаи Трамп, ки ахиран ҷузиёти он мунташир шудааст, иддаоҳои иртиботи Трамп бо Русияро тақвият мекунад.
Вай низ дар имейлаш навиштааст: “Ман тартиби мулоқоти Иванка бо Путин дар дафтари кории шахсии ӯро додам. Иванка ҳатто рӯйи сандалии шахсии Путин дар пушти мизи ӯ нишаст”.