Мусалмонони Руҳингия - ҳезуми оташкадаи Буддо (акс)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22525-Мусалмонони_Руҳингия_ҳезуми_оташкадаи_Буддо_(акс)
Танҳо дар як ҳафтаи ахир садҳо нафар аз мусалмонони Руҳингия дар Миёнмор, дар хушунатҳои шимолу ғарби ин кишвар кушта шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 01, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Мусалмонони Руҳингия - ҳезуми оташкадаи Буддо (акс)

Танҳо дар як ҳафтаи ахир садҳо нафар аз мусалмонони Руҳингия дар Миёнмор, дар хушунатҳои шимолу ғарби ин кишвар кушта шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Артиши Миёнмор эълом кардааст, дар як ҳафтаи гузашта дар шимолу ғарби ин кишвар 370 нафар аз мусалмонони Руҳингия кушта шудааст.

“Русия ал-явм” рӯзи ҷумъа ба нақл аз манобее дар Созмони Милали Муттаҳид гузориш дод, ҳудуди 38 ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингия дар як ҳафтаи гузашта аз иёлати Рохин, шимоли ғарби Миёнмор барои фирор аз хушунату даргириҳо ба Бангладеш фирор кардаанд, аммо беш аз 20 ҳазор нафар аз онон дар марзи ду кишвар гирифтор шудааст. Нерӯҳои Горди марзии Бангладеш рӯзи панҷшанбе ҷасади 20 зану кӯдаки руҳингияиро, ки қаиқашон ғарқ шуда буд, аз об гирифтанд.

Артиши Миёнмор барои ихроҷи мусалмонони Руҳингия аз ин кишвар амалиётеро оғоз карда, иддао мекунад, ки ин амалиётро барои поксозии кишвар аз аносири ифротӣ ба иҷро гузоштааст. Аз замони истиқлоли Миёнмор дар соли 1984 буддоиҳои ифротӣ дар ин кишвар ҳамвора мусалмононро мавриди озору азият қарор дода, мӯҷиби муҳоҷирати онҳо шудаанд. Як миллиону 300 ҳазор мусалмон дар Руҳингияи Миёнмор зиндагӣ мекунад, аммо ҳукумати ин кишвар аз додани ҳаққи шаҳрвандӣ ба онон худдорӣ менамояд. Бинобар эъломи Созмони Милали Муттаҳид, мусалмонони Руҳингия яке аз ақаллиятҳое дар ҷаҳон ҳастанд, ки бештарин озорро таҳаммул мекунанд.