Сентябр 02, 2017 08:50 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони хориҷии ронандаи таксӣ дар Маскав дубора муҷаввиз гирифтанд

Теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав ба ронандагии таксӣ машғул ҳастанд ва муддате фаъолияташон боздошта шуда буд, ахиран дубора муҷаввизи фаъолият дарёфт карданд.

Ба гузориши сайти “ТОП.тҷ”, ба ин афрод бо шарти ин ки бо мошини шахсии худ фаъолият кунанд, муҷаввиз дода шудааст то феълан бо гувоҳиномаи ронандагии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба интиқоли мусофирон машғул шаванд.

Аммо ин муҷаввиз то поёни имсол эътибор дорад ва аз оғози соли ҷадиди 2018 ронандагони тоҷик маҷбуранд гувоҳиномаи ронандагии Русияро дарёфт намоянд. Дар ғайри ин сурат аз ҳаққи фаъолият дар шабакаи ҳамлу нақли Русия маҳрум мешаванд.

Вячеслав Лисаков, муовини аввали раиси Комиссияи қонунҳои давлатии ДУМА-и Русия гуфт, беш аз 70 ҳазор нафар дорандаи гувоҳиномаи ронандагии хориҷӣ ҳастанд, ки дар системаи ҳамлу нақли таксӣ ва хадамоти Русия фаъолият мекунанд.

Ба дархости бархе аз мақомоти ҳукуматӣ дар Русия, ДУМА-и давлатии ин кишвар тарҳеро тасвиб кард, ки бар асоси он аз аввали июни имсол атбои хориҷӣ ҳақ надоранд бо гувоҳиномаи миллии ронандагии худ дар шабакаи ҳамлу нақли умумии Русия фаъолият кунанд. Ин иқдом муҷиби маҳрумияти кори ронандагони хориҷии таксӣ дар шабакаи ҳамлу нақли умумии шаҳри Маскав ва камбуди шадиди таксӣ шуд ва мақомоти ҳукуматӣ маҷбур шуданд муддати эътибори гувоҳиномаи ронандагии миллии атбои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро то поёни соли ҷорӣ тамдид кунанд.

 Бар асоси гузориши Вазорати ҳамлу нақли Русия дар ҳоли ҳозир 40 дарсад аз ронандагони васоили ҳамлу нақли умумии ин кишвар атбои хориҷӣ ҳастанд.