Афзоиши бесобиқаи худкушӣ ва буҳрони равонӣ дар донишҷӯёни миёни Бритониё
Як муассисаи таҳқиқотии Бритониё, аз афзоиши бесобиқаи худкушӣ ва мушкилоти равонии донишҷӯёни ин кишвар дар солҳои ахир хабар дод.
Рӯзномаи “Гордиан” чопи Лондон, навишт, Маркази таҳқиқоти сиёсатгузории умумии Бритониё бо интишори натоиҷи пажӯҳиши худ дар бораи доманаи буҳрони саломати равонӣ дар донишгоҳҳои ин кишвар, эълом кард, 134 донишҷӯ дар соли 2015 худкушӣ ва дар ҳамон сол, теъдоди бесобиқае аз донишҷӯён мубтало ба мушкилоти рӯҳии ношӣ аз қарзҳои сангини молӣ, тарки таҳсил кардаанд.
Бар асоси ин пажӯҳиш, теъдоди донишҷӯёни сол аввал, ки мушкилоти рӯҳии худро эълом кардаанд, дар муддати як даҳа, панҷ баробар шуда ва ба 15 ҳазору 395 нафар расидааст.
Ҳамчунин мавориде, ки донишҷӯёни соли аввали духтар, мушкилоти равонии худро фош кардаанд ба мизони чашмгире бештар аз ҳамтоёни мард будааст.
Тақозо барои дарёфти хадамоти мушовираӣ дар донишгоҳҳои Бритониё низ дар панҷ соли гузашта, 94 дарсад афзоиш ёфтааст.
Марк Солтер -сухангӯи Коллеҷи салтанатии равонпизишкони Бритониё гуфт, мавориди худкушии донишҷӯён дар даҳаи гузашта, ду баробар шуда ва ин нигарон кунандааст.
Худкушӣ яке аз авомили аслии марги мардон ва занони зери 45 сол дар Бритониё аст, ва шумори воқеии худкушиҳо мумкин аст, ҳатто бештар аз омори расмӣ бошад.