Сентябр 03, 2017 20:50 Asia/Dushanbe
  • Аждари русӣ барои нобудии шаҳре монанди Вашингтон

Гузориши созмонҳои иттилоотии Амрико нишон медиҳад, ки Русия аждаре бо тавони 10 ҳазор километр ҳаракати зери дарё, то расидан ба ҳадаф дорад ва метавонад шаҳре монанди Вашингтон ва перомуни онро нобуд кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, «Статус-6» , ки «падар» ва «модар»-и ҳамаи бомбаҳо, аз ҷумла нобудкунандатарин ҷангафзорҳои ҷаҳон аст, пас аз инфиҷор дар савоҳили душман метавонад, мавҷе ба иртифои осмонхарош эҷод ва шаҳре монанди Вашингтон ва перомуни онро нобуд кунад.

Бар асоси ин гузориш, аз ин аждар бо кулоҳаки ҳастаӣ нахустин бор дар соли 2015 ёд шуд.

Бар асоси иттилоот эълом шуда, ин аждар метавонад 10 ҳазор километрро дар умқи то як километрии зери об бипаймояд.

Тарҳи «абараждар» дар даҳаи 1950 бо номи «т-15» шакл гирифт.

Русия, ки бо Амрико ихтилофҳои шадиде бар сари масоиле, ҳамчун Украина ва истиқрори сомонаи падофанди мушакии Вашингтон дар Аврупо дорад, ба ҳифз ва афзоиши тавони боздорандагии дарёӣ ва зердарёии худ барои муқобила бо таҳдидҳои Ғарб таваҷҷуҳи вижа дорад.

 

Барчасп