Сентябр 04, 2017 15:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти сарони БРИКС аз музокироти сулҳи Сурия

Сарони кишварҳои гурӯҳи БРИКС ҳимояти худро аз музокироти сулҳи Остона ва Женева дар бораи Сурия эълом карданд.

Ба гузориши ИРНА, сарони БРИКС дар пешнависи баёнияи имрӯз- душанбеи худ бар ҳимояти комили худ аз сохтори музокироти Остона ва Женева таъкид карданд ва фароянди сиёсиро танҳо роҳи ҳалли доимии буҳрон дар Сурия донистанд.

Дар ин пешнавис омадааст: “Мо бори дигар таъкид мекунем, ки танҳо роҳи ҳалли доими буҳрони Сурия, як фароянди сиёсии фарогир бо раҳбарии худи суриҳо ба манзури муҳофизат аз ҳокимияти Сурия ва истиқлолу саломати минтақаии он аст”.

Сарони БРИКС ҳамчунин аз эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия ҳимоят карданд.

 Онон дар айни ҳол нигаронии худро аз авзои Яман иброз дошта ва аз ҳама тарафҳо хостанд то набардро мутаваққиф карда ва ба музокира бозгарданд.

 Кишварҳои Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ аъзои БРИКСРО ташкил медиҳанд.