Сентябр 05, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Лабханди хуки хуштолеъ ҷаҳонӣ шуд

Лабханди ризоияти хуки хуштолеъ, ки аз сел наҷот пайдо кард, ҷаҳонӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, тасвири лабханди хуке, ки дар сели Чин зинда монда ва наҷот ёфтааст, мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз корбарони саросари дунё қарор гирифтааст.

Ин тасвир дар ҳоле сабт шудааст, ки иддае аз мардуми Чин дасти ин хукро гирифтаанд ва ором - ором ба ӯ кумак мекунанд то битавонад аз сел убур кунад ва ҷараёни об ӯро ғарқ накунад.

Ин сел дар шаҳри Ибини вилояти Сичуани Чин рӯй додааст.

Бисёре аз корбарон дар вокуниш ба ин тасвир гуфтаанд, ки лабханди ин ҳайвон ва чеҳраи ӯ дар ҳоли наҷот ёфтан яке аз ҷолибтарин тасовири шабакаҳои иҷтимоӣ аст.