Сентябр 05, 2017 16:52 Asia/Dushanbe

Ҳазорон тан аз мардуми Ҷумҳурии Чеченистони Русия дар маҳкумияти амалиёти низомии Артиши Миёнмор зидди ақаллияти мусалмони Руҳингиё тазоҳурот карданд.

Ба гузориши “Пресс” ТВ, дар ин тазоҳурот, ки рӯзи душанбе дар Грозний, маркази Ҷумҳурии Чеченистони Русия баргузор шуд, тазоҳуркунандагон бо сар додани шиору дар даст доштани дастнавиштаҳое таваққуфи куштори мусалмонони Руҳингиёро хостор шуданд. Садҳо украинӣ низ бо таҷаммуъ дар баробари сохтмони Вазорати умури хориҷии ин кишвар дар шаҳри Киев хушунати зидди мусалмонони Руҳингиёро дар Миёнмор маҳкум карданд ва аз Ҳукумати Украина хостанд, бо ба кор гирифтани аброзҳои дипломатӣ монеи идомаи ин хушунатҳо шавад.

Ҳамалоти саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи Артиши Миёнмор аз 25-уми август алайҳи мусалмонони Руҳингиё дар вилояти Рохин беш аз 400 кушта бар ҷой гузоштааст. Вилояти Рохин аз соли 2012 инҷониб саҳнаи ҳамалоти Артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ алайҳи мусалмонони Руҳингиё аст. Беш аз як миллион мусалмони Руҳингиё аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Миёнмор маҳрум ҳастанд.

 

Барчасп